Байторони тоҷик истифодабарии таҷҳизоти ултрасадоро меомӯзанд

Намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар барои мутахассисони байторӣ омӯзиши истифодабарии таҷҳизоти ултрасадоро дар ташхиси узвҳои дарунӣ ва ҳомиладории ҳайвонот мегузаронад. Омӯзиши серӯза дар мавзӯи дар боло зикркардашуда аз тарафи Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон дар чорчӯбаи амалӣ сохтани лоиҳаи “Баланд бардоштани раванди таълими ветеринарӣ бо мақсади қонеъ […]

ASIA-Plus


Намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар барои мутахассисони байторӣ омӯзиши истифодабарии таҷҳизоти ултрасадоро дар ташхиси узвҳои дарунӣ ва ҳомиладории ҳайвонот мегузаронад.

Омӯзиши серӯза дар мавзӯи дар боло зикркардашуда аз тарафи Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон дар чорчӯбаи амалӣ сохтани лоиҳаи

“Баланд бардоштани раванди таълими ветеринарӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи фермерон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор”

аз 20 то 22 феврали соли 2015 доир мегардад.

Ин омӯзиши навбатӣ аз силсилаи омӯзишҳоест, ки дар чорчӯбаи лоиҳа бо мақсади беҳтар сохтани раванди таълим ва ҷорӣ намудани усулҳои ҳозиразамони таълим гузаронида мешаванд. Пештар омӯзишҳо доир ба фасилитатсия, усулҳои интерактивии таълим ва барномаҳои компютерӣ барои устодони факултеаи тиббии ветеринарии Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон (ДАТ) ба номи Шириншоҳ Шотемур гузаронида шудаанд. Факултаи номбурда бо таҷҳизоти ҳозиразамони клиникию озмоишгоҳӣ, аз ҷумла таҷҳизоти сайёрии ултрасадо ва рентен  таъмин карда шудааст.

Дар назар аст, ки истифодабарии ин таҷҳизот аз тарафи клиникаҳои давлатию шахси байторӣ дар оянда дар кишвар ривоҷ меёбад. Истифодабарии ин таҷҳизот дурустии ташхиси бемориҳои дарунии ҳайвонот, муайян кардани ҳомиладори ҳайвонотро дар мӯҳлатҳои аввалин ва ташхиси дигар бемориҳоро беҳтар мекунад.

Ҳамагӣ 15 мутахассисони байторӣ омӯзонида мешаванд. Омӯзиш аз  қисмҳои назариявӣ ва амалӣ иборат аст. Баъти хатми омӯзиш ҳар як иштирокчӣ бо сертификати хатми омӯзиш ва маводи таълимӣ таъмин карда мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.