Раиси ҲКТ сокинони ҷанубро ба ҷонибдории афкори коммунистон даъват мекунад

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Шодӣ Шабдолов, ки айни замон бо интихобкунадагони вилояти Хатлон вохӯриҳо анҷом медиҳад, аз рӯҳияву дастгирии онҳо қаноатманд аст. Шодӣ Шабдолов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони вилояти Суғд ва минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон собит месозанд, ки шиорҳои асосии коммунистон дар бораи таъмини баробарии иҷтимоӣ, […]

Аваз Юлдошев



Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Шодӣ Шабдолов, ки айни замон бо интихобкунадагони вилояти Хатлон вохӯриҳо анҷом медиҳад, аз рӯҳияву дастгирии онҳо қаноатманд аст.

Шодӣ Шабдолов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони вилояти Суғд ва минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон собит месозанд, ки шиорҳои асосии коммунистон дар бораи таъмини баробарии иҷтимоӣ, муҳайё сохтани шароитҳои яксон барои кор, истироҳат, дастрасӣ ба маорифу тандурустӣ, таъмини аҳолӣ бо манзили зист ҳеҷ гоҳ барои мардуми заҳматкаш бегона нестанд.

«Имрӯз, 23 феврал мо бо сокинони минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон як қатор вохӯриҳо мегузаронем, ки дар онҳо ба мардум андешаву афкори худ оид ба таъмини ҳаёти шоиста дар кишвар ва ҳалли мушкилоти мавҷударо шарҳу тавзеҳ медиҳем. Зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон мо ба фаҳми як чиз расидем, яъне барои касоне, ки воқеъан ҳам баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум мубориза мебаранд, ҳеҷ гоҳ пешашон рафта, ба чашмони онҳо рост нигоҳ кардан шармовар нест», – таъкид кард пешвои коммунистони кишвар.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.