Ташрифи мансабдори воломақоми низомии Русия ба Душанбе



Муовини аввали вазири мудофиа, генерали артиш Аркадий Бахин шоми рӯзи 26 феврал бо сафари дурӯзаи корӣ ба Душанбе ташриф овард. Дар ин бора департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Аз Вазорати мудофиаи ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки имрӯз А.Бахинро вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазиранд.

«Зимни мулоқот бо мансабдори воломақоми низомии Русия масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ ва низомӣ-техникӣ ва ҳамчунин масоили марбут ба амалисозии тавофуқоти қаблан ҳосилшуда баррасӣ мешаванд», – гуфт манбаъ.

spot_imgspot_img

Популярное