Анҷоми ваколатҳои палатаи поёнии парлумон

Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи охирини иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор мешавад. Дар ҷаласаи охирини даъвати кунунии палатаи поёнии парлумони кишвар раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров назди вакилон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти ин ҳайати парлумон ҳисобот медиҳад. Қобили зикр аст, ки ҳайати парлумони мазкур санаи 28 феврали соли […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи охирини иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор мешавад.

Дар ҷаласаи охирини даъвати кунунии палатаи поёнии парлумони кишвар раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров назди вакилон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти ин ҳайати парлумон ҳисобот медиҳад.

Қобили зикр аст, ки ҳайати парлумони мазкур санаи 28 феврали соли 2010 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ интихоб шуд. Ҳайати он аз 45 нафар намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, 10 нафар вакилони ғайриҳизбӣ, 2-нафарӣ вакилон аз Ҳизби коммунист, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иборат буд.

Давоми панҷ соли фаъолият ин ҳайати палатаи поёнии парлумон аз ҳамаи лоиҳаҳои қонунҳои аз ҷониби ҳукумат ва президенти Тоҷикистон пешниҳодшуда дастгирӣ кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.