«Барқи тоҷик»: Лимити барқ дар Тоҷикистон комилан бекор шуд

Мувофиқи дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи шаби имрӯз, 27 феврал реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар минтақаҳои кишвар комилан бекор карда шуд. Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бекор кардани лимити истифодаи барқ бо назардошти имконоти мавҷудаи шабакаҳои барқи кишвар, ки тайи 5-6 соли ахир иқтидорашон нисбат […]

Аваз Юлдошев



Мувофиқи дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи шаби имрӯз, 27 феврал реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар минтақаҳои кишвар комилан бекор карда шуд.

Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бекор кардани лимити истифодаи барқ бо назардошти имконоти мавҷудаи шабакаҳои барқи кишвар, ки тайи 5-6 соли ахир иқтидорашон нисбат ба замони шӯравӣ 1 ҳазору 20 мегаватт  ё худ 24% афзуд, сурат гирифт.

Ба гуфтаи ӯ, ба имсол барвақттар бекор шудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар кишвар ҳамчунин соли гузашта мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали Маркази барқу гармидиҳиии «Душанбе-2», агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва як қатор нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ мусоидат намуданд.

«Мо ба истеъмолгаронамон итминон медиҳем, ки пешгӯиҳои бархе аз ба истилоҳ коршиносон, ки бо ногаҳон фарорасии сардиҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз то фасли баҳор метавонанд боз маҳдудиятҳои нав барои истифодаи барқ ҷорӣ шаванд, ҷомаи амал нахоҳанд пӯшид», – афзуд сухангӯи ширкат.

Ёдрас мекунем, ки қаблан сарвари давлат ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки вақти интиқоли барқ ба аҳолии минтақаҳо то 18 соат дар як шабонарӯз дароз карда шавад ва аз 21 феврал аҳолии минтақаҳо аз соати 05-00-и субҳ то 23-00-и шаб бо барқ таъмин аст.

Аввали ҳафтаи гузашта бошад, Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буд, ки аҳолии кишвар дар як шабонарӯз 13 соат бо нерӯи барқ таъмин карда шавад. Он замон хадамоти матбуоти сарвари давлат зикр карда буд, ки минбаъд вақти интиқоли барқ ба аҳолии минтақаҳо тадриҷан зиёд мегардад.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола аз аввали моҳи октябр то моҳи апрел дар минтақаҳои Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.