Тамаъҷӯӣ аз толибаи мактаб бо «акси урён» дар Конибодом

Дар шаҳри Конибодом рӯзи 2 март кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғ И.У.-17-сола, хонандаи яке аз мактабҳои таҳсилоти умумиро бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, муайян карда шудааст, ки ӯ соли 2014 бо духтари ноболиғ Н.П. соли таваллудаш 2000, хонандаи ҳамон мактаб шиносоӣ пайдо намуда, акси муқаррарии ӯро […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Конибодом рӯзи 2 март кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғ И.У.-17-сола, хонандаи яке аз мактабҳои таҳсилоти умумиро бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, муайян карда шудааст, ки ӯ соли 2014 бо духтари ноболиғ Н.П. соли таваллудаш 2000, хонандаи ҳамон мактаб шиносоӣ пайдо намуда, акси муқаррарии ӯро ба телефони мобилиаш сабт мекунад.

Баъди чанде, аз сабаби пайдо гардидани муносибатҳои оштинопазирӣ байни онҳо, И.У. расми духтаракро тариқи барномаи “Фотошоп” бо тани аз миён боло пурра урён сохта, бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ӯ таҳдид мекунад, ки дар ҳолати надодани маблағи пулии муайян, акси нимбараҳнаи ноболиғ Н.П.-ро ба воситаи шабакаи интернетӣ паҳн намуда, ӯро бадном месозад.

Санаи 14.02.с.2015 ноболиғ Н.П. дар ҳудуди мактаб ба ноболиғ И.У. ба воситаи рафиқаш маблағи 100 сомониро додааст. И.У. бошад, рӯзи 19.02.с.2015 аксҳои мазкурро ба телефони мобилии ҳамсинфаш ноболиғ Ҳ.М. соли таваллудаш 1998, ирсол намудааст, ки минбаъд он паҳн мегардад.

Баъди воқиф гаштан аз ҳодиса, модари ноболиғ Н.П. ба мақомоти милитсия муроҷиат мекунад. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.