Бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва дастгириву мусоидати ҳуккмати пойтахт дар ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик» оид ба масъалаи таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таълимоти миёнаи умумӣ ва гимназияю литсейҳо бо либосҳои мактабии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ машварати корӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва технолгияҳои нави ҶТ, дар машварат роҳбарони корхонаҳои дӯзандагӣ, ва пойафзолбарории шаҳри Душанбе, масъулини Вазоратимазкур, намояндагони ҳукумати шаҳри Душанбе, Раёсати маориф ва мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, директорони мактабҳо, гимназияҳо ва литсейҳо иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, чорабинӣ дар сатҳи зарурӣ бо назардошти ба инобат гирифтани фикру мулоҳизот ва пешниҳоду эродҳои масъулини соҳаи маориф ва кумитаи падару модарони хонандагон гузашта, дар анҷоми он тасмим гирифта шуд, ки дар арафаи иди Наврӯз намоиши либосҳои мактабӣ аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагии ватанӣ ташкил карда шавад.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин ҷиҳати беҳтар намудани сифати либосҳои мактабӣ ва дастрас будани арзиши ин намуди маҳсулот, корхонаҳои соҳа вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва падару модарони хонандагон пайваста тадбирҳои зарурӣ андешанд.







