Намояндагони ҲХДТ 87,5%-и Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷандро ташкил медиҳанд

Дар шаҳри Хуҷанд натиҷаи интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ҷамбаст гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, тибқи маълумоти комиссияи интихоботии шаҳрӣ, дар тамоми 40 ҳавза интихобот  баргузоршуда ҳисоб гардида, вакилон бо аксарияти овозҳо ба мақоми вакилӣ соҳиб гаштанд. Гуфта мешавад, аз 40 нафар вакилони интихобгардида 35 нафар  (87,5%) аъзои Ҳизби […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Хуҷанд натиҷаи интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ҷамбаст гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, тибқи маълумоти комиссияи интихоботии шаҳрӣ, дар тамоми 40 ҳавза интихобот  баргузоршуда ҳисоб гардида, вакилон бо аксарияти овозҳо ба мақоми вакилӣ соҳиб гаштанд.

Гуфта мешавад, аз 40 нафар вакилони интихобгардида 35 нафар  (87,5%) аъзои Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон, як нафар аъзои Ҳизби аграрии Тоҷикистон, 2 нафар Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва 2 нафар аъзои Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон мебошанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ба мақоми номзад ба вакили шаҳрӣ 81 нафар ба қайд гирифта шуданд, ки 54 нафар аъзои Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон, 3 нафар аъзои Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, 7 нафар Ҳизби аграрии Тоҷикистон, 16 нафар Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва як нафар ғайриҳизбӣ буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.