Тоҷикистон ҷангиёни бо тавба ба ватан баргаштаро афв мекунад



Палатаи болоии парлумон имрӯз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодексии ҷиноии кишварро тасдиқ намуд.

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар Бахтиёр Худоёрзода зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки мутобиқи тағйироту иловаи қабулшуда, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки то анҷоми низоъи мусаллахона дар кишварҳои дигар сафи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро тарк мекунанд ва бо тавбаи ин амали худ ба ватан бармегарданд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда мешаванд.

Қаблан вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба журналистон иттилоъ дода буд, ки тибқи маълумоти мавҷуда, дар сафи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар Сурияву Ироқ беш аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доранд.

Тоҷикистониёне, ки тибқи қарордод дар артиши Русия хизмат мекунанду хизматашон ба истилоҳ дар «нуқтаҳои даргир» мегузарад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои иштирок дар мухолифатҳои низомӣ дар қаламрави кишварҳои дигар озод карда мешаванд.

Пештар дар

мусоҳиба ба «Азия-Плюс»

раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадалӣ Ватанов дар ин робита иттилоъ дода буд, ки дар тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси ҷиноии ҶТ, ки санаи 21-уми майи соли 2014 маъқул шуморида шуд, барои иштирок дар низоъ ва даргириҳои низомӣ дар қаламрави кишварҳои дигар ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

«Аммо ин танҳо ба шахсоне дахл дорад, ки ба сафи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ шомил мешаванд. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тибқи қарордод расман дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Русия адои хизмат мекунанду хизматашон ба истилоҳ дар «нуқтаҳои даргир» мегузарад, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ нашудааст», – иброз дошта буд номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное