Санаи ҷашни Рӯзи Модарон – 8 март дар вилояти Суғд ду марди бекор даст ба худкушӣ заданд.
Аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳодисаи аввал дар яке аз ҷамоатҳои шаҳри Конибодом рух дода, марди бекори 31-сола Б.О. дар манзили истиқоматиаш худро ба дор овехтааст.
Ба иттилои манбаъ, шоми рӯзи 8 март сокини 50-солаи шаҳри Панҷакент, ӯ ҳам марди бекор А.К. низ дар манзили зисташ худро ба дор овехтааст.
Зимнан зикр гардид, аз рӯи ин далелҳо тафтишот ҷараён дорад.



