Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз рӯзи 16 март бақайдгирии намояндагони ВАО-и ватанию хориҷиро барои пӯшиши иттилоотии ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), ки 1-2 апрели соли 2015 дар Душанбе доир хоҳад гашт, оғоз намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, соли равон раёсат дар Шӯрои амнияти СААД аз Маскав ба Душанбе вогузор шуд ва аз ин рӯ, ҷаласаи мазкур таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов баргузор мешавад.
Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД дар Душанбе дар баробари дигар асноди пешбинишуда ҳамчунин лоиҳаи Изҳороти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД дар робита ба ҷашни 70-соагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 низ баррасӣ мешавад.



