Тоҷикистон соҳиби бозори мустақили коғазҳои қиматнок шуданист

Сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати таъсиси бозори коғазҳои қиматнок дар Тоҷикистон тадбирҳо меандешанд, вале алҳол бозори коғазҳои қиматнок дар кишвар ба таври бояду шояд рушд наёфтааст, то ки ба шаҳрвандон барои ба амонат гузоштани воситаҳои худ ба хизматгузориҳои гуногуни молиявӣ, аз қабили саҳмияҳову облигатсияҳо ва дигар навъҳои коғазҳои қиматнок шароиту имкони мусоид фароҳам оварда шавад. Бино […]

Пайрав Чоршанбиев



Сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати таъсиси бозори коғазҳои қиматнок дар Тоҷикистон тадбирҳо меандешанд, вале алҳол бозори коғазҳои қиматнок дар кишвар ба таври бояду шояд рушд наёфтааст, то ки ба шаҳрвандон барои ба амонат гузоштани воситаҳои худ ба хизматгузориҳои гуногуни молиявӣ, аз қабили саҳмияҳову облигатсияҳо ва дигар навъҳои коғазҳои қиматнок шароиту имкони мусоид фароҳам оварда шавад.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар ҳамдастӣ бо сохторҳои дигари марбута, аз ҷумла Вазорати молия дар ин самт иқдомҳои мушаххас роҳандозӣ шуда, ояндаи наздик ташкили бозори мустақили коғазҳои қиматнок дар назар аст.

«Дар сурати мавҷуд будани бозори дохилии коғазҳои қиматнок шаҳрвандони кишвар воситаҳои худро ба асъори хориҷӣ намегузоранд, ки ин ба рушди иқтисоди кишварҳои дигар мусоидат мекунад», – гуфтанд дар БМТ.

Зимнан зикр гардид, ки дар сурати бо доллари ИМА нигаҳдории воситаҳои худ, ба рушди иқтисоди ИМА кумак расонида шуда, бо харидории коғазҳои қиматноки корхонаву иттиҳодияҳои ватанӣ ба иқтисоди кишвар сармоягузорӣ мешавад ва фоида ҳам аз ин ба даст оварда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.