Вохӯрии маъмулии президенти Тоҷикистон бо намояндагони аҳли зиёиён, ки ҳамасола дар остонаи ҷашни Наврӯзи байнулмилалӣ доир мегардад, имрӯз 19 март дар маркази давлатии фарҳангу фароғати «Кохи Наврӯз»-и пойтахт баргузор мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.
Қобили зикр аст, ки «Кохи Наврӯз» дар шаҳри Душанбе дар арафаи баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории шанхай моҳи сентябри соли гузашта мавриди истифода қарор гирифт.
«Кохи Наврӯз» аз 12 толор иборат аст. Дар ин ҷо супермаркет, толори саққобозӣ (билярд), диско-клуб, кинотеатр, толори фарҳангӣ, толори қабулу зиёфат, толори сангӣ бо кандакорӣ, толори гаҷкорӣ бо оинаҳо ва ду толори қабули меҳмонони воломақом ҷойгир аст.
Кох дар як вақт метавонад 3 ҳазору 200 нафар меҳмононро қабул кунад. Чанде қабл дар онтарабхона ва супермаркет ифтитоҳ гардида, ояндаи наздик толори саққобозӣ, дискоклуб ва кинотеатр ба фаъолият оғоз мекунанд.
Корҳои ороишоти кох аз ҷониби устоҳои маҳаллӣ бо услуби миллӣ анҷом дода шуда, атрофи кохро боғи сарсабз ва фаввораҳо иҳота мекунад. Баландии бинои марказӣ 46 метр буда, майдони умумии «Кохи Наврӯз» ҳудуди се гектарро ташкил медиҳад.
Нахуст ифтитоҳи «Кохи Наврӯз» соли 2012 ба нақша гирифта шуда, ҳамчун чойхона лоиҳакашӣ шуда буд, ки бояд дар минтақа чойхонаи бузургтарин маҳсуб меёфт.



