Гардиши 100 сомониҳои қалбакӣ то куҷо ҳақиқат дорад?

– Дар бонкҳои Тоҷикистон вақте мардум пулҳои коғазии 100 сомониро барои супоридани маблағи қарзи гирифтаашон ё ягон пардохти дигар пешниҳод менамоянд, хатман онҳоро аз дастгоҳҳои муоинаи пул мегузаронанд, ба хотире ки қалбакӣ набошанд Ба гуфтаи онҳо, феълан дар гардиш 100 сомониҳои қалбакӣ зиёд мебошад. Ин то куҷо ҳақиқат дорад, Азия Плюс аз Бонки милли пурсид? […]

Мавзуна Абдуллоева



– Дар бонкҳои Тоҷикистон вақте мардум пулҳои коғазии 100 сомониро барои супоридани маблағи қарзи гирифтаашон ё ягон пардохти дигар пешниҳод менамоянд, хатман онҳоро аз дастгоҳҳои муоинаи пул мегузаронанд, ба хотире ки қалбакӣ набошанд Ба гуфтаи онҳо, феълан дар гардиш 100 сомониҳои қалбакӣ зиёд мебошад. Ин то куҷо ҳақиқат дорад, Азия Плюс аз Бонки милли пурсид?


– Қабл аз ҳама бояд изҳор намоем, ки тамоми кормандони шуъба ё бахшҳои хазинавии ташкилотҳои қарзӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрии амалкунанда ва ӯҳдадориҳои худ вазифадоранд ҳангоми анҷом додани амалиёт бо пули нақд ба аслият ва коршоямии натанҳо 100 сомониҳо, балки ҳамаи арзишҳои номиналии аломатҳои пулӣ диққат диҳанд. Маҳз ба хотири муайян ва ошкор намудани пулҳои қалбакӣ ва корношоям ҷойҳои кории кормандони хазинавии бонкҳои ҷумҳурӣ бо мошинҳои пулшуморӣ ва дастгоҳҳои дигари замонавии дорои сифатҳои муайянкунии аслияти аломатҳои пулӣ, ки хеле гаронарзишанд, муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Дар ҳақиқат, аз миёнаҳои соли 2014 инҷониб дар муомилоти пулии ҷумҳурӣ ҳолатҳои алоҳидаи дар гардиши нақд пайдо шудани пулҳои коғазии тақаллубии дорои арзиши 100 сомонӣ ба мушоҳида мерасанд.


 – Фарқи 100 сомонии калбакӣ аз аслаш дар чист?

– Пулҳои тақаллубӣ аз аслӣ бо хусусиятҳои зерин фарқ мекунанд:

– зоҳиран камранг буда, нисбати пули аслӣ каме зардчатоб мебошанд;

– ҳангоми бо ангуштон ламс кардани рӯйи пул барҷастагӣ эҳсос карда намешавад. Дар пули аслӣ бошад, аз ҳисоби чопи металлографӣ дар тамоми навиштаҷот ва тасвирҳои рӯйи пул барҷастагӣ эҳсос мешавад;

– дар қисмати сафедии тарафи чапи пул дар таркиби коғаз аломати обӣ (такрори расми И. Сомонӣ) мавҷуд аст, ки дар муқобили рӯшноӣ ба хубӣ дида мешавад, дар пулҳои қалбакӣ ин аломат бисёр хира ва камранг ба назар мерасад;

– кинеграмма (тасмачаи ҷилодиҳандаи фолгавии амудӣ) дар тарафи рости пул ҷойгир карда шудааст, вале дар қиёс бо пули аслӣ дар ин унсур рамзи Бонки миллии Тоҷикистон – “Сабикаи тилло дар чанголи уқоб” ва навиштаҷоти (резаматн)-и зери он ба осонӣ дида ва хонда намешаванд. Баръакс дар пули аслӣ ин резаматн – “Бонки миллии Тоҷикистон” бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ баръало хонда мешавад;

– риштаи ҳимоявӣ – тасмачаи борики фолгавии ғуттазананда, дар таркиби коғази пул дар муқобили рӯшноӣ яклухт дида мешавад, дар паси пул аз 6 (шаш) қисм иборат аст. Дар қисматҳои болои пули аслӣ резаҳарфҳои “БМТ” ба шаклҳои чаппаву роста чоп шудаанд. Дар пулҳои қалбакӣ ин резаҳарфҳо фақат дар шакли чаппа тақлид карда шудаанд;

– дар даврачаи сафеди қисмати болои тарафи рости пул (байни тоҷи Исмоили Сомонӣ ва кинеграмма) рамзи Бонки миллии Тоҷикистон қисман дар рӯй ва дар паси пул ҷой дода шудааст. Ҳангоми дар муқобили рӯшноӣ нигоҳ доштани он, қисматҳои дар рӯй ва паси пул ҷойдошта пайваст мешаванд ва рамз пурра ба назар мерасад. Хатҳои рамз бояд бо ҳамдигар ба пуррагӣ часпида бошанд. Дар пулҳои тақаллубӣ хатҳои рамз нодуруст (болову поён) пайваст мешаванд.

Ҳамин тариқ, дар матни боло фарқияти чанд унсур баён карда шуд, то ки сокинони кишвар тавонанд бе истифода аз дастгоҳҳо ва таҷҳизотҳои махсус пулҳои қалбакиро аз аслӣ ба осонӣ ҷудо намоянд.

Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, дар муқоиса бо давлатҳои дигар то имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ теъдоди хеле ками пулҳои тақаллубӣ ошкор шудаанд, вале ба ҳар ҳол ин падидаи номатлуб бояд ҳарчи зудтар пешгирӣ карда шавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.