ВКХ оид ба тадбирҳо ҷиҳати Яманро тарк кардани шаҳрвандони Тоҷикистон

Барои аз қаламрави Ямани бо ҷангу хунрезӣ фарогирифта  берун овардани шаҳрвандони худ Тоҷикистон ҳамаҷониба тадбир меандешад. Роҳбари Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон ҷиҳати кӯчонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз шаҳрҳои Санъо ва Аден фарзияҳо ва роҳу воситаҳои гуногун мавриди омӯзишу […]

Аваз Юлдошев



Барои аз қаламрави Ямани бо ҷангу хунрезӣ фарогирифта  берун овардани шаҳрвандони худ Тоҷикистон ҳамаҷониба тадбир меандешад.

Роҳбари Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон ҷиҳати кӯчонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз шаҳрҳои Санъо ва Аден фарзияҳо ва роҳу воситаҳои гуногун мавриди омӯзишу таҳия қарор доранд.

«Ҳудуди 100 нафар табибони тоҷик, бархе бо аъзои оилаашон бо миёнравии се ширкати русиягӣ ба Яман фиристоода шудаанд ва мо бо намояндагони ин ширкатҳо ҷиҳати хурӯҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин кишвар мунтазам дар тамосем», – иброз дошт ӯ.

Номбурда таъкид намуд, ки зимни боздиди сафири Тоҷикистон дар Қатар Ардашер Қодирӣ аз шаҳри Санъо бо ҳукуматдорони ин кишвар масоли таъмини амнияти шаҳрвандони тоҷики муқими ин кишвар, мувофиқасозии тадбирҳои кӯчонидани онҳо дар сурати зарурат ва ҳамчунин мусоидат ба озод кардани табибзани тоҷики гаравгирифта Гулрухсор Рофиева баррасӣ шуданд.

«Зимни мулоқоти А.Қодирӣ бо сафири Русия дар Яман дипломати рус итминон дода буд, ки дар сурат муташанниҷ гардидани вазъ Русия барои аз ин кишвар хориҷ кардани шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистон аз ҳавопаймоҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвараш истифода мекунад, зеро Маскав огаҳ аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба Яман аз ҷониби ширкатҳои русиягӣ фиристода шудаанд», – қайд карда Атоев.

Намояндаи ВКХ Тоҷикистон изҳори тааасуф намуд, ки шаҳрвандони тоҷики машғул ба кору зиндагӣ дар Яман огаҳиҳои чандинкаратаи ВКХ Тоҷикистонро дар бораи тарк кардани қаламрави ин кишвар ба инобат нагирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар пойтахти Яман кору зиндагӣ доранд, аз ҳукуматдорони Тоҷикистон


даъват карданд,


ки барои берун шудан аз шаҳри Санъо ва ба ватан баргаштанашон кумак расонанд. Даъватҳои онҳо ҷиҳати кумак дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт: роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.