Таъини роҳбари нави Раёсати консулгарии ВКХ Тоҷикистон

Ҷамшед Каримов роҳбари нави Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин карда шуд. Дар бораи то ба ин мансаб таъин шудан кадом вазифаро ишғол намудани Ҷамшед Каримов «Азия-Плюс» маълумот дар даст надорад. Ёдрас мекунем, ки дар ин мансаб Ҷамшед Каримов Манчеҳр Маҳкам Маҳмудзодаро иваз намуд, ки айни замон Раёсати муносибатҳои байнулмилалии Прокуратураи генералии Тоҷикистонро роҳбарӣ […]

ASIA-Plus



Ҷамшед Каримов роҳбари нави Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин карда шуд. Дар бораи то ба ин мансаб таъин шудан кадом вазифаро ишғол намудани Ҷамшед Каримов «Азия-Плюс» маълумот дар даст надорад.

Ёдрас мекунем, ки дар ин мансаб Ҷамшед Каримов Манчеҳр Маҳкам Маҳмудзодаро иваз намуд, ки айни замон Раёсати муносибатҳои байнулмилалии Прокуратураи генералии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад.

Тибқи баъзе маълумот, Манучеҳр Маҳмудзода писари раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон Маҳкамбой Маҳмудов аст.

Замоне, ки собиқ вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифов ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар ИМА фаъолият дошт, Манучеҳр Маҳмудзода консулгарии генералии Тоҷикистон дар Вашингтонро роҳбарӣ мекард. Сипас шуъбаи ҳалли масоили қаламрав ва марзии Вазорати мазкурро ба роҳбарӣ гирифта буд.

Моҳи декабри соли 2013 Маҳмудов ба ҷойи Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба мансаби сардори Раёсати консулгарии ВКХ ҶТ таъин гардид. Замонҳои гуногун Раёсати консулгарии ВКХ Тоҷикистонро Баҳром Холназаров, ки тибқи баъзе маълумот язнаи президент аст (айни замон – сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон) ва духтари президент Озода Раҳмон, ки аз соли 2009 ба ҳайси муовин ва аз соли 2013 ба сифати муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ фаъолият мекунад, сарварӣ намудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.