Имрӯз, 2 апрел дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ба муносибати 20-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Давлати Кувайт ва Тоҷикистон маросими қабули ботантанаи расмӣ доир мегардад.
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар чорабинӣ ба ин муносибат ходимони давлатии Тоҷикистон, дипломатҳои хориҷӣ ва ҳамчунин меҳмонон аз Кувайт иштирок мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳунарнамоии сарояндаи маъруф Нигина Амонқулова ва оркести симфониву ҷази Муассисаи давлатии «Базморо» дар чорабинӣ табъи иштирокдорону меҳмононро болида хоҳад кард.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-солагии барқарор гаштани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Кувайт ба Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Дар барқияи табрикии Эмолалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад, ки 20 сол марҳалаест, ки шоҳиди саъю кӯшишҳои бедареғи ҳар ду ҷониб гашта, натиҷаву самараи он дар роҳандозии муносибатҳои дуҷониба ва муколамаи сиёсии сатҳи баланди ду кишвар якҷо бо мавқеъгириҳои муштарак нисбат ба қазияву навгониҳои байналмилалӣ таҷассум меёбад.



