Ба роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Русия 23 сол пур шуд

Date:



Имрӯз ба роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Русия расо 23 сол пур шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКХ Тоҷикистон, Русия яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст. Заминаи шаклҳои нави ҳамкориро дар шароити рушди мустақилона Протокол дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар асос гузошт, ки 8 апрели соли 1992 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид. 4 майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе Сафорати Федератсияи Русия фаъолияти худро оғоз кард.

Дар таърихи 8 июни соли 1993 Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ба Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия табдил дода, 18 декабри ҳамон сол дар заминаи он Сафорат таъсис дода шуд. Алҳол дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфа консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои Россия ва густариш бахшидан ба ҳамкориҳо нақши муҳим дорад.

Аз соли 1992 то 2013 миёни Тоҷикистону Русия зиёда аз 230 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравии танзимкунандаи аксарияти соҳаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Санади муҳимтарини байнидавлатӣ – Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн ба ҳисоб меравад, ки 25 майи соли 1993 ба имзо расидааст. Миёни ду кишвар робитаҳои фаъоли сиёсӣ ва алоқаҳои бевосита дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудаанд. Роҳбарони ҳарду давлат мунтазам дар доираи сафарҳои расмӣ ва корӣ, инчунин зимни ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ мулоқоту вохӯриҳои зиёди судманд анҷом медиҳанд, ки дар рафти онҳо муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия ба таври мушаххас баррасӣ мегарданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ


Тоҷикистон ва Русия оид ба аксарияти масъалаҳои консептуалии сиёсати байналмилалию минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ мавқеи ба ҳам наздик доранд. Аз ҷумла, ҷиҳати ҳамкориҳои босамар дар доираи чунин созмонҳои байналмилалӣ – Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоти Иқтисодии АвруОсиё, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигарҳо аҳамияти муҳим дода мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ


Боздиди расмии сарони ду давлат, ки моҳи апрели соли 1999 дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия ба вуқуъ пайваст, далели рушди собитқадамона ва таҳкимбахши муносибатҳои шарикии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия гардид, ки дар рафти он «Аҳднома дар бораи ҳамкории иттифоқии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба асри XXI нигаронидашуда», «Созишнома дар бораи мақом ва шартҳои ҳузури пойгоҳи ҳарбии Русия дар ҳудуди Тоҷикистон» ба имзо расиданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Моҳи августи соли 2008 оид ба кушодани филиалҳои мактабҳои олии бонуфузи Федератсияи Русия созишнома баста шуд, ки алҳол дутои он фаъолиятро оѓоз намудаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Сафари расмии Президенти Федератсияи Русия В.Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 октябри соли 2012 сурат гирифт, далели рушди муттасил ва таъмиқи муносибатҳои ҳамёрии стратегии байни ду кишвар маҳсуб меёбад. Дар рафти ин сафар созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ, ёддоштҳои тафоҳум оид ба таҳвили нафт ва маҳсулоти он, энергетика, инчунин ривоҷи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ба имзо расонида шуданд.

Ҷониби Русия дар роҳандозии лоиҳаҳои CASA-1000, инчунин оид ба иқдомоти Тоҷикистон дар истифодаи имкониятҳои гидроэнергетикӣ дастгирии худро изҳор намуд.

Дар тақвияти қарордодҳои ҳангоми ин ташрифот бадастомада, дар соли 2013 созишномаҳо оид ба таҳвили маҳсулоти нафт ба Тоҷикистон, созишномаҳо дар соҳаи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар қаламрави якдигар ба имзо расида, созишномаҳо оид ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, навсозии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таҳия карда шуданд.

Санаи 1 августи соли 2013 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федерацияи Русия сурат гирифт. Роҳбарони ду давлат дар рафти боздид бо итминони комил таъкид намуданд, ки заминаҳои боэътимоди мавҷудаи ҳамкорӣ манбаъи муҳими устуворӣ ва амнияти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related