Русия розигии Тоҷикистон ба қабули муҳоҷирони ғайриқонуниро интизор аст

Date:



Ояндаи наздик ба созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар бораи фаъолияти корӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҳарду кишвар ворид намудани тағйироту иловаҳо дар назар аст.

Бино ба иттилои

«Коммерсантъ»

, ин ҷо аз ҷумла дар бораи сафарбарии муташаккили муҳоҷирон ва розигии Тоҷикистон ба қабули муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик дубора аз Русия сухан меравад, ки аз нигоҳи мансабдорон, дар натиҷа миёни Маскаву Душанбе созишномаи бештар пешрафта дар бахши назорати муҳоҷират мавриди амал қарор мегирад.

Зимни сафар ба Душанбе рӯзи 2 апрел вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ин робита изҳор намуда буд, ки дар ин самт чор созишномаҳои иловагӣ омода шудаанд, ки «ҳадафи асосии онҳо аз фаъолияти пинҳонӣ берун овардани муҳоҷирон ва таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои онҳост, то ки касе онҳоро истисмор карда натавонад».

Дар мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон ин маълумотро қисман тасдиқ намудаанд. «Ин масъалаҳо дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Русия рӯзи 4 март дар Маскав баррасӣ шуда, аммо худи созишномаҳо ҳоло омода нестанд», – иброз доштааст ба «Коммерсантъ» сухангӯи мақомот Абдулло Қодирӣ.

Гуфта мешавад, дар Душанбе ҳамчунин боз ба як созишномаи дигар дар бораи таъмини иҷтимоӣ ва суғуртаи нафақаи муҳоҷирон низ ишора мекунанд.

Нашрия ҳамчунин қайд мекунад, ки тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон аз Русия тайи солҳои ахир ҳудуди 40%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медоданд, аммо имсол коҳиши назарраси он аз эҳтимол дур нест.

МЕДИА (Youtube Embed)

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...