Ҷаласаи Кумитаи низомии СААД дар вилояти Суғд

Дар вилояти Суғд ҷаласаи Кумитаи низомии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) идома дорад, ки дар доираи он вохӯрии кории сардори мақомоти иктишоф (разведка)-и ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви Созмон баргузор мешавад. Роҳбари маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадлиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷаласаи мазкур рӯзи 8 апред дар шахри Қайроққум […]

ASIA-Plus



Дар вилояти Суғд ҷаласаи Кумитаи низомии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) идома дорад, ки дар доираи он вохӯрии кории сардори мақомоти иктишоф (разведка)-и ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви Созмон баргузор мешавад.

Роҳбари маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадлиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷаласаи мазкур рӯзи 8 апред дар шахри Қайроққум оғоз гардида, дар кори он ҳайатҳои Ситодҳои кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия иштирок доранд.

Ба иттилои мнабаъ, дар ҷаласа масъалаҳои таҳдиду чолишҳо ба амнияти низомӣ дар  минтақаҳои таҳти масъулияти СААД қарордошта, таҳияи тадбирҳо ва вокуниш ба онҳо, рушди таркибҳои низомӣ, аз ҷумла баргузории чорабиниҳои муштараки омодагии ҷангӣ дар соли равон, дурнамои рушди Нерӯҳои ҳомии сулҳи СААД, роҳандозии чораҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ дар доираи Созмон ва ҳамчунин такмили корҳои омодасозии кадрҳои низомӣ барои кишварҳои узви СААД мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доранд.

Ҷаласа таҳти раҳбарии раиси Кумитаи низомӣ, сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи ҶТ Шарифзода Зарифи Тоҳирӣ ҷараён дорад.

Дар анҷоми кори ҷаласа баимзорасии санадҳои дахлдор аз рӯи натиҷаҳои он ва баргузории нишасти хабарӣ дар назар аст.

Кумитаи низомӣ дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД таъсис дода шуда, ба ҳайати он сардорони ситодҳои кулли Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви Созмон ва сардори Ситоди муттаҳидаи СААД шомил мебошанд. Дар ҷаласа муовини дабири кулли СААД Валерий Семериков иштирок ва суханронӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки ҷаласаи Кумитаи низомӣ дар остонаи ҷаласаҳои мақомоти оинномавии СААД (моҳи майи соли 2015) баргузор мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 80

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Такрори пирӯзии соли пеш: Се медали тиллои ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-и Душанбе

Дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе мунтахаби Тоҷикистон ба дастоварди ноил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.