Имрӯз, 10 апрел дар Тошканд зимни ҷаласаи муштараки Сенат (палатаи болоӣ) ва Палатаи қонунгузор (палатаи поёнӣ)-и парлумони Ӯзбекистон маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб Ислом Каримов баргузор шуд.
Бино ба иттилои
CA-NEWS
, дар ин маросим аъзои Комиссияи марказии интихобот ва ҳукумати Ӯзбекистон, судяҳои суди Конститусионӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Тошканд иштирок доштанд.
Раиси Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон Мирзо-Улуғбек Абдусаломов ба Ислом Каримов шаҳодатномаи президенти Ӯзбекистонро супурд. Сипас президенти интихобшудаи кишвар дасташро дар як вақт ба Конститутсия ва китоби Қуръон гузошта, савганди вафодорӣ ёд кард ва уҳдадор шуд, ки «қонунҳо ва Конститутсияро қатъиян риоя мекунад, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро кафолат медиҳад». Пас аз савгандёдкунӣ Ислом Каримов суханронӣ кард.
Дар интихоботи рӯзи 29 марти соли равон доиргардида Ислом Каримов бо касби 90,39%-и овозҳо (бо иштироки 91,08%-и интихобкунандагон) президенти Ӯзбекистон интихоб шуд. Рақибони ӯ ҳатто 5%-и овозҳоро ба даст оварда натавонистанд, ҳарчанд барои сабти номзадиашон ба мансаби президентӣ маҳз ҳамин миқдор имзои ҷонибдоронашонро пешниҳод карда буданд.
Ислом Каримов ҳанӯз аз замони шӯравӣ, аз соли 1989 зимоми қудрат дар ин кишвари ҳамсояро дар даст дорад. Бино ба иттилои хабаргузории
Фергана
, соли 1991 ӯ аз ҷониби Ҳизби халқӣ-демократӣ (собиқ Ҳизби коммунисти ҶШС Ӯзбекистон) ва соли 2000 аз ҷониби ҳизби «Фидокорлар», ки баъдан бо ҳизби «Миллий тикланиш» (Эҳёи миллӣ) ҳамроҳ шуд, номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуда буд.


