Олимони тоҷик «пешвои миллат» эълон кардани Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод карданд

Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ ва олим Холмаҳмад Самеъ пешниҳод карданд, ки барои хизматҳои шоиста назди мардуми тоҷик сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «пешвои миллат» эълон карда шавад. Дар мақолаи интишоршудаи олимони зикршуда дар сомонаи расмии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки президент бо кору аъмоли худ ба «пешвои миллат» […]

ASIA-Plus



Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ ва олим Холмаҳмад Самеъ пешниҳод карданд, ки барои хизматҳои шоиста назди мардуми тоҷик сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «пешвои миллат» эълон карда шавад.

Дар

мақолаи интишоршудаи

олимони зикршуда дар сомонаи расмии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки президент бо кору аъмоли худ ба «пешвои миллат» шумурда шудан ҳуқуқ дорад.

Дар муроҷиати худ олимон хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон баҳри истиқрори сулҳ дар кишварро ёдовар шуда, барномаи рушди иқтисодӣ ва раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсиониро ба Барномаҳои «Пешомади 2020» дар Малайзия, «Роҳи нав» – и Рузвелт, «Ҷаҳиши бузург»- и Дэн Сяопин, «Барномаи саноатикунонии Сингапур» – и Ли Куан Ю ҳаммонанд месозанд ва эътироф мекунанд, ки чунин падида дар фарҳанги сиёсии давлатҳои нави соҳибистиқлол тозаву нодир аст.

«Эътирофи  падидаи пешвои миллат на танҳо ба хотири қадршиносии хидматҳои ашхосест, ки дар як давраи таърихии миллате, кишваре нақши сарнавиштсоз доштанд ё доранд, низ ба хотири он аст, ки он  омили муттаҳидсозанда ва пешбаранда мебошад. Шояд пешвоён, чун Эмомалӣ Раҳмон, зарурат ба чунин эътироф надоранд. Аммо миллатҳо, кишварҳо дар шароити бархурди шадиди тамаддунҳо, манфиатҳо, ҷаҳонишавӣ зарурат ба пешвоёни расман эътирофгашта доранд», – омадааст дар мақола.

Дар ҳамин ҳол, дар бораи вокунишу назари президент Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин пешниҳод алҳол ҳеҷ маълумоте дастрас нест.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.