Дар Хуҷанд коргоҳи нави коркарди санг бунёд мегардад

Бо назардошти бойигариҳои назаррасии кӯҳии ҷумҳурӣ, афзоиши истихроҷ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо ва маъдан яке аз стратегияҳои афзалиятноки ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни мулоқоти роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва роҳбарияти ширкати «Ҷобири Собир», ки аз соли 2006 инҷониб фаъолият дорад, ин нукта таъкид шуда, зикр гардид, ки […]

ASIA-Plus



Бо назардошти бойигариҳои назаррасии кӯҳии ҷумҳурӣ, афзоиши истихроҷ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо ва маъдан яке аз стратегияҳои афзалиятноки ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни мулоқоти роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва роҳбарияти ширкати «Ҷобири Собир», ки аз соли 2006 инҷониб фаъолият дорад, ин нукта таъкид шуда, зикр гардид, ки ширкат нақша дорад дар шаҳри Хуҷанд як коргоҳи нави худро барои коркарди санг ифтитоҳ намояд.

Гуфта мешавад, бо ин мақсад харидории таҷҳизоти муосир ба маблағи 500 ҳазор доллари ИМА пешбинӣ гардида, дар коргоҳи нав 100 нафар бо кор таъмин мегарданд.

Ба иттилои манбаъ, барои фаъолияти пурсамари корхона мутахассисони баландихтисос аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷалб шудаанд, ки барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифат мусоидат менамояд.

Зимнан зикр мегардад, ки ширкат маҳсулоти худро аз конҳои кӯҳии ноҳияи Истаравшан, Мастчоҳ ва дигар минтақаҳои вилоят то шакли нимкоркард омода намуда, баъдан дар коргоҳи дар Хуҷанд таъсис ёфта омода ва истеҳсол менамояд. Маҳсулоти асосии коргоҳро сангҳои ороишии сохтмонӣ, рӯйпӯши сангии роҳрав, сутунпояҳо, армуғонҳои хотиравӣ аз санг ташкил хоҳанд дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.