Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Соати 09-00 дар Душанбе ҷаласаи аввали Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати нав ба кор шурӯъ намуда, нимаи рӯз ҷаласаи нахусти муштараки ҳарду палатаи парлумон доир мегардад; – Ширкати Samsung Electronics дар маҷмааи савдои «Пойтахт-90» смартфони нави Samsung Galaxy S6-ро муаррифӣ мекунад. Дар маросими муаррифнинома бозиҳову викторина гузаронида шуда, ғолибон соҳиби ҷоизаҳо мешаванд. […]

ASIA-Plus



Анонс

– Соати 09-00 дар Душанбе ҷаласаи аввали Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати нав ба кор шурӯъ намуда, нимаи рӯз ҷаласаи нахусти муштараки ҳарду палатаи парлумон доир мегардад;

– Ширкати Samsung Electronics дар маҷмааи савдои «Пойтахт-90» смартфони нави Samsung Galaxy S6-ро муаррифӣ мекунад. Дар маросими муаррифнинома бозиҳову викторина гузаронида шуда, ғолибон соҳиби ҷоизаҳо мешаванд. Дар ин маросим ҳамчунин ҳунарнамоии ситораҳои эстрадаи тоҷик Далер Назаров ва Нигина Амонқулова низ дар назар аст. Оғоз соати 17-00.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

6.0738

сомонӣ;


1

евро –

6.5063

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1


219



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




2000

– Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ баргузор шуда, дар он раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси палатаи болоии парлумон интихоб шуд.


2012

— Дар суди шаҳри Душанбе мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи сокини 24-солаи пойтахт Парвиз Давлатбеков оғоз гардид, ки ҳамчун «куштори Бобои Барфӣ» миёни мардум маъруф гардида буд.


2012

— Дар Душанбе филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии МИСиС (Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав) ифтитоҳ шуд


1913

– Мавлуди арбоби давлатӣ, раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1961-1973) Абдулаҳад Қаҳҳоров.


1923

– Зодрӯзи олими таърихшинос, академик Борис Литвинский.


1927

– Мавлуди нависанда ва драматург Аъзам Сидқӣ.


1934

– Зодрӯзи раққоса, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Зуҳро Каримова.


1946

– Мавлуди доктори улуми тиббӣ Фирӯз Шукуров.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +10+15.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +26+31, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +20+25.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона +2+7, рӯзона +17+22; дар шарқи вилоят шабона -6-11, рӯзона +2+7.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришоти назаррас, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +23+28, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +14+19.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +25+27.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.    

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +27+29.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +22+24.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +19+21.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.