Бинои аввали шаҳраки «Диёри Душанбе» ба истифода дода мешавад

Ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт, ки имсол ба 18 апрел рост меояд, дар шаҳри Душанбе як қатор иншоот мавриди истифода қарор мегиранд. Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, аз ҷумла қисмати аввали маҷмааи истиқоматии «Диёри Душанбе» иборат аз манзили зисти №1 ва бинои маъмурии №1-и ин иншоот ба истифода дода мешаванд. Ба иттилои манбаъ, […]

ASIA-Plus



Ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт, ки имсол ба 18 апрел рост меояд, дар шаҳри Душанбе як қатор иншоот мавриди истифода қарор мегиранд.

Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, аз ҷумла қисмати аввали маҷмааи истиқоматии «Диёри Душанбе» иборат аз манзили зисти №1 ва бинои маъмурии №1-и ин иншоот ба истифода дода мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ ба ин муносибат дар пойтахт 15 иншоот, аз ҷумла иншооти мансуб ба ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ва ҶДММ «Султони Кабир» мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ҳамчунин гуфта мешавад, Рӯзи пойтахтро сокинони шаҳр бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта, дар ҳамаи боғҳои фароғату фарҳанги шахри Душанбе сайругашти оммавӣ, намоишгоҳу ярмарка, барномаҳои консертӣ ва дигар чорабиниҳои идона доир мегарданд.

Соати 09-00-и рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта ниммарафони навбатии 6-уми байнулмилалӣ оғоз гардида, дар он ба ҷуз сокинони пойтахт, ҳамчунин нмояндагони кишварҳои хориҷӣ низ иштирок мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.