Намоиши эътирозие, ки баргузории он имрӯз назди сафорати Олмон дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шуда буд, ба эҳтимоли зиёд баргузор намешавад.
Хабарнигори «Азия-Плюс» чанде қабл аз қаламрави назди сафорати Олмон дар Тоҷикистон боздид намуда, итминон ҳосил намуд, ки издиҳоми мардум ё омодагӣ ба баргузории гирдиҳамойӣ дар он ҷо ба мушоҳида намерасад.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ҳудуди 200 нафар сокинони пойтахт зери муроҷиатнома ба унвони раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо
дархости баргузории гирдиҳамойӣ
назди сафоратхонаи Олмон дар Душанбе аз соати 08-00 то 11-00 рӯзи 17 апрел имзо гузоштаанд. Ин муроҷиатнома дар сомонаи
ҳафтавори «Фараж»
чоп шуда буд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 15 апрел дар назди сафорати Олмон дар шаҳри Душанбе намоиши эътирозии бидуни иҷозат баргузор шуд. Сафорати Олмон дар Тоҷикистон ҳодисаи имрӯза назди намояндагии дипломатиро
расман шарҳ дод.
Дар изҳороти сафорат дар ин робита қайд шуда буд, ки субҳи рӯзи 15-апрел назди бинои сафорати Олмон дар шаҳри Душанбе
тақрибан 15-20 нафар
гирдиҳам омаданд, ки асосан ҷавонон ва занон буда, рӯҳияи шиддатноке доштанд ва панҷараву шишаи зиреҳпӯшро мекӯфтанд. Ҳамчнуин дар видеохостинги YouTube
навори видеойии гирдиҳамойӣ
назди сафорати Олмон дар Душанбе нашр шуд.


