Тағйироти кадрӣ дар Академияи илмҳои Тоҷикистон

Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон дар як қатор ниҳодҳои зертобеъи Академияи илмҳои Тоҷикистон тағйирти кадрӣ ба вуқӯъ пайваст. Ҳамин тариқ, Раҳим Масов, директори Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ва Акбари Турсон, роҳбари Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академия бинобар сабаби ба синни нафақа расидан аз вазифаҳояшон […]

ASIA-Plus



Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон дар як қатор ниҳодҳои зертобеъи Академияи илмҳои Тоҷикистон тағйирти кадрӣ ба вуқӯъ пайваст.

Ҳамин тариқ, Раҳим Масов, директори Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ва Акбари Турсон, роҳбари Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академия бинобар сабаби ба синни нафақа расидан аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Академияи илмҳои ҶТ хабар дод, директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ Абдувоҳид Шамолов низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин мансаб сабукдӯш шудааст.

Ёдрас мекунем, ки Раҳим Масов Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшинсоии ба номи Аҳмади Донишро моҳи июни соли 2011 ва Акбари Турсон Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистонро моҳи марти соли 2011 ба роҳбарӣ гирифта буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.