Машқҳои муштараки мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Чин

ASIA-Plus



Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии сардори Департаменти бехатарии ҷамъиятии  Вазорати мазкур Лю Шаоу дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни мулоқот зикр гардид, ки ҳамкориҳои байни Вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя дар сатҳи баланд қарор дошта, дар асоси Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии и Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин, ки 27 майи соли 2002 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, амалӣ карда мешаванд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили  терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо доир ба гузаронидани машқҳои якҷояи тактикии зиддитеррористӣ дар шароити кӯҳсор ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки баргузории чунин машқҳои якҷояи тактикӣ боз як қадами муҳим барои дар ҳамбастагию ҳамкорӣ мубориза бурдан бо ҷинояткорӣ ва зуҳуроти номатлуб аст.

Дар хотимаи вохӯрӣ бори дигар таъкид гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад, танҳо дастаҷамъона ва дар якҷоягӣ бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир мубориза барад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.