Боздошти тоҷикистонии даъватгари узвият ба ДИИШ дар Архангелск

Як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон, ки ба узвият дар созмони террористии «Давлатии исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) ва содир кардани амалҳои террористӣ даъват мекардааст, дар шаҳри Архангелски Русия боздошт шудааст. Бино ба иттилои, Федеральное агентство происшествий , кормандони Хадамоти федералии амният ӯро рӯзи 21-уми апрел боздошт намуда, сипас маълум шудааст, ки ӯ дар ин шаҳр тариқи шабакаи […]



Як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон, ки ба узвият дар созмони террористии «Давлатии исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) ва содир кардани амалҳои террористӣ даъват мекардааст, дар шаҳри Архангелски Русия боздошт шудааст.

Бино ба иттилои,

Федеральное агентство происшествий

, кормандони Хадамоти федералии амният ӯро рӯзи 21-уми апрел боздошт намуда, сипас маълум шудааст, ки ӯ дар ин шаҳр тариқи шабакаи Интернет фаъолона ба корҳои таблиғотӣ машғул будааст.

«Дар торнамоҳои гуногун ва шабакаҳои иҷтимоӣ ӯ даъватҳо ба терроризмро ҷой дода, фаъолияташ ба ташкили гурӯҳҳои ҷиноятпешае чун «ДИИШ», гурӯҳи «Ал-Форуқ», «Ҳизби исломии Туркистон» ва ғайра нигаронида шуда буд», – омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон гумонбаршуда боздошт ва ҳангоми кофтукови манзили зисташ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолияти террористии ӯ дарёфт шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.