ВКД ҳодисаи гирдиҳамоӣ назди сафорати Олмонро шарҳ дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаи гирдиҳам омадани мардум дар назди бинои сафорати Олмон дар шаҳри Душанберо шарҳу тавзеҳ дод. Сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар мегӯяд, аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ санҷиши ҳодисаи назди сафоратхонаи  Олмон дар Тоҷикистон ба итмом расонида шуд. Гуфта мешавад, рӯзи 15 апрели соли 2015 як гурӯҳ шаҳрвандон иборат […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаи гирдиҳам омадани мардум дар назди бинои сафорати Олмон дар шаҳри Душанберо шарҳу тавзеҳ дод.

Сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар мегӯяд, аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ санҷиши ҳодисаи назди сафоратхонаи  Олмон дар Тоҷикистон ба итмом расонида шуд.

Гуфта мешавад, рӯзи 15 апрели соли 2015 як гурӯҳ шаҳрвандон иборат аз 10-15 нафар дар назди сафоратхонаи Олмон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Махсум, бинои 59/1 ҷамъ омада,  изҳори вохӯрӣ бо сафири Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро кардаанд.

«Ҳангоми дастрас шудани онҳо аз ҷониби кормандони милитсия ба РВКД дар шаҳри Душанбе маълум гардид, ки шаҳрвандони мазкур баъди хабардор шудан тариқи шабакаи интернетӣ оиди он, ки санаи 14-уми апрели соли 2015 гурӯҳи экстремистӣ-террористии «Гурӯҳи-24» дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Олмон шаҳрвандонро ҷамъ намуда гирдиҳамоӣ ташкил кардаанд, ба назди сафорати мазкур омадаанд», – қайд мешавад дар шарҳи ҳодиса.

Зикр мегардад, ки аз ҳамин хотир шаҳрвандони дастгиршуда хостаанд, ки бо сафири Олмон дар Тоҷикистон вохӯрда, бо воситаи ӯ пеши кори ин гурӯҳи экстремистӣ-террористиро гиранд ва намонанд, ки чунин гирдиҳамоӣ дар Ҷумҳурии Олмон ташкил карда шавад.

«Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ саривақт, барои роҳ надодан ба бетартибиҳо чораҳо андешида шуда, амнияти сафоратхонаи мазкур зери назорати қатъӣ гирифта шуд. Аз шаҳрвандони дар назди афоратхона ҷамъшуда, нисбати 4 нафари онҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ тартиб дода шуда, ҷарима ситонида шуд», – баён мегардад дар маълумот.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки нисбати боз 10 нафар иштирокчиён протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, огоҳонида шуданд ва ба боқимонда иштирокчиён  сӯҳбатҳои инфиродӣ-профилактикӣ гузаронида шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд