Намояндагони Тоҷикистон, ки ба сифати нозирон интихоботи президентии пеш аз муҳлат дар Қазоқистонро пайгирӣ мекунанд, имрӯз, 24 апрел ба Остона сафар карданд.
Аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки мутахассисони КМИР Абдуллоҷон Нормуҳаммедов, Муҳаммадборон Зойиров, Парвина Расулова ва Абдулло Холиқов ба сифати нозирони кӯтоҳмуҳлати байнулмилалӣ дар ҳайати кишварҳои узви ИДМ дар маъракаи мониторинги интихоботи мазкур иштирок мекунанд.
Ғайр аз ин, ду нафар вакилони аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ – муовини раиси Кумита оид ба муносибатҳои байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва итттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Ҷамшед Саидов ва узви Кумитаи илм, маориф ва сиёсати ҷаввонони МНМО ҶТ Ҷаббор Аҳмедов низ ба ҳайси нозирон дар маъракаи интихоботи президентии Қазоқистон ҳузур хоҳанд дошт.
Қобили зикр аст, ки Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон ба сифати номзадҳо ба мансаби президентӣ дар ин маърака се довталаб – президенти амалкунандаи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз ҳизби «Нур Отан», номзади Ҳизби комннистии халқӣ Тургун Сиздиков ва раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қазоқистон Абелгази Кусаиновро ба қайд гирифтааст.



