Гумонбарии як зани қирғиз ба воридоти ғайриқонунии арақ ба Тоҷикистон

Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбати шаҳрванди Қирғизистон Элмира Кабаева оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда боз шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, дар дидбонгоҳи гумрукии «Қизил-Арт» воситаи нақлиёти тамғаи «Зил-130 мавриди муоинаи гумрукӣ қарор гирифта, аз доҳили он 240 шиша арақи истеҳсоли Қирғизистон, ки ба шаҳрванди […]

ASIA-Plus



Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбати шаҳрванди Қирғизистон Элмира Кабаева оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда боз шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, дар дидбонгоҳи гумрукии «Қизил-Арт» воситаи нақлиёти тамғаи «Зил-130 мавриди муоинаи гумрукӣ қарор гирифта, аз доҳили он 240 шиша арақи истеҳсоли Қирғизистон, ки ба шаҳрванди Қирғизистон Кабаева Элмира тааллуқ дошт, ошкор ва пешгирӣ гардидааст.

Гуфта мешавад, Кабаева мехост бидуни бақайдгирӣ ва назорати гумрукӣ ин маҳсулотро ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.