Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон

Имрӯз, 28 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дурӯзаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ ба кор шурӯъ кард. Аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи шашуми ин комисссия ҳайати Туркманистон таҳти раҳбарии вазири молияи ин кишвар […]

Пайрав Чоршанбиев



Имрӯз, 28 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дурӯзаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ ба кор шурӯъ кард.

Аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи шашуми ин комисссия ҳайати Туркманистон таҳти раҳбарии вазири молияи ин кишвар Муҳаммедгули Муҳаммедов ба Душанбе ташриф овардаанд.

Дар ҷаласаи дурӯза ҳайати Тоҷикистонро вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода роҳбарӣ мекунад. Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа имзои санади дахлдор дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ 21 апрели соли гузашта дар Ашқобод баргузор шуда буд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон беш аз 110 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2013 қариб 8% камтар аст.

Семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Турманистон ҳудуди 25 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 68% зиёдтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.