Машваратҳои сиёсии Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Кувайт

Рӯзи 27 апрели соли 2015 дар шаҳри ал-Кувайт машваратҳои сиёсӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баргузор гардиданд. Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва муовини аввали вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Холид Сулаймон Ҷоруллоҳ роҳбарӣ намуданд. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, ҳайатҳои ду кишвар масъалаҳои авлавиятноки […]

ASIA-Plus



Рӯзи 27 апрели соли 2015 дар шаҳри ал-Кувайт машваратҳои сиёсӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баргузор гардиданд. Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва муовини аввали вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Холид Сулаймон Ҷоруллоҳ роҳбарӣ намуданд.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, ҳайатҳои ду кишвар масъалаҳои авлавиятноки муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, нақлиёту энергетика ва фарҳангу маориф, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчуби Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Муколамаи ҳамкории Осиёро баррасӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавии мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор карданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба зарурати тақвияти механизмҳои пешбурди робитаҳои иқтисодию сармоягузорӣ дар доираи фаъолиятҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва инчунин Фонди кувайтӣ оид ба рушди иқтисодии арабӣ таъкид намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.