Иштироки ҳайати ФФТ дар кори Конгресси КФО дар Баҳрайн

Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар пойтахти Баҳрайн – шаҳри Манама Конгресси 26-уми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) баргузор мешавад, ки дар кори он намояндагони ҳамаи федератсияҳои миллии футболи қитъаи Осиё иштирок мекунанд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар ин конгресс ФФТ Тоҷикистонро ноиби аввали президент Хуршед Мирзоев, котиби генералӣ Ислом Маҳмадшоев ва […]

Аваз Юлдошев



Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар пойтахти Баҳрайн – шаҳри Манама Конгресси 26-уми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) баргузор мешавад, ки дар кори он намояндагони ҳамаи федератсияҳои миллии футболи қитъаи Осиё иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар ин конгресс ФФТ Тоҷикистонро ноиби аввали президент Хуршед Мирзоев, котиби генералӣ Ислом Маҳмадшоев ва ҳамчунин узви Кумитаи иҷроияи ФФТ, роҳбари Федератсияи футболи Душанбе Дилшод Ҷӯраев намояндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, интихоби президенти КФО ва ҳамчунин роҳбарони Кумитаи иҷроияи КФО ва ФИФА аз масъалаҳои асосии баррасишавандаи конгресс маҳсуб меёбанд.

Қобили зикр аст, ки Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа аз Баҳрайн, ки соли 2013 ташкилотро ба роҳбарӣ гирифт, ягона номзади сабтшуда ба мансаби президенти Конфедератсияи футболи Осиё мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.