Тағйироти кадрӣ дар мақомоти шаҳрдории Душанбе

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар машварати кории рӯзи 27 апрел ба ҳозирин раиси нави Кумитаи идораи замини пойтахт Тӯрахон Иброҳимовро муаррифӣ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо қарори раиси шаҳр директори Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангал ва боғи маданӣ – истироҳатии “Ғалаба” Ориф Сафаров  аз вазифа сабукдӯш шуд. Гуфта мешавад, дар […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар машварати кории рӯзи 27 апрел ба ҳозирин раиси нави Кумитаи идораи замини пойтахт Тӯрахон Иброҳимовро муаррифӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо қарори раиси шаҳр директори Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангал ва боғи маданӣ – истироҳатии “Ғалаба” Ориф Сафаров  аз вазифа сабукдӯш шуд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа, ки бо иштироки масъулини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-лоиҳакашӣ баргузор гардид, дар доираи ҳамкориҳои шаҳрдорӣ оид ба истифодаи дастовардҳои илми тоҷик  дар пешбурди ҳаёти хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама  гузориши Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ  бобати иҷрои дархости шаҳрдорӣ дар самти коркарду истеҳсоли маҳлулҳои кимиёӣ барои тозакунии ҳайкалу муҷассамаҳои дар шаҳр қоматдошта шунида шуд.

Дар ин робита Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулини шаҳрдорӣ дастур фармуд, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисону олимони Академияи илмҳо оид ба поксозии ҳайкалу муҷассамаҳо ва сангҳои ороишии онҳо аз намаку ҳаргуна унсурҳои таъсиргузор чораҳои мушаххас андешанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.