Тоҷикистон баҳри таъмини амнияти шаҳрвандони худ дар Непал чора меандешад

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изтироб вазъи башарии Непалро баъди заминларза назорат карда, аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави ин кишвар қарор доранд, даъват ба амал меорад, то эҳтиёткор бошанд. Бино ба маълумоти дпартаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, ҳоло сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон ва сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷиҳати таъмини амнияти […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изтироб вазъи башарии Непалро баъди заминларза назорат карда, аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави ин кишвар қарор доранд, даъват ба амал меорад, то эҳтиёткор бошанд.

Бино ба маълумоти дпартаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, ҳоло сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон ва сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон чораҳои лозима меандешанд ва бо онҳо дар тамосанд.

Гуфта мешавад, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамаи чорабиниҳои зарурӣ ва имконоти мавҷударо доир ба берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаи офатзада меандешад.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин масъалаи мусоидат намудан дар баровардани шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Россия муҳокима мегардад. 

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 27 апрел президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳодисаи заминларза дар кишвари Непал, ки боиси ҳалокати ҳазорон шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, ба Президенти ин кишвар Рам Баран Ядав барқияи тасаллият ирсол намуд.

Қобили зикр аст, ки тибқи иттилои ахир, бар асари ин заминларза дар Непал 3218 нафар ҳалок ва на камтар аз 6538 нафари дигар осеб дидаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.