Баъди манъи фаъолияти саррофони хусусӣ қурби сомонӣ бемайлон поин меравад

Давоми 10 рӯзи аввали баъди манъи фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори хусусӣ (саррофиҳо) дар кишвар, қурби арзи миллии Тоҷикистон нисбати доллари ИМА тақрибан 3% поин рафт. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон(БМТ), қурбҳои миёнаи хариду фурӯши нақди доллари ИМА имрӯз, 28 апрел дар ҷумҳурӣ 6,5000-6,5200 сомонӣ ва дар пойтахт – 6,5200-6,5400 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро […]

Пайрав Чоршанбиев



Давоми 10 рӯзи аввали баъди манъи фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори хусусӣ (саррофиҳо) дар кишвар, қурби арзи миллии Тоҷикистон нисбати доллари ИМА тақрибан 3% поин рафт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон(БМТ), қурбҳои миёнаи хариду фурӯши нақди доллари ИМА имрӯз, 28 апрел дар ҷумҳурӣ 6,5000-6,5200 сомонӣ ва дар пойтахт – 6,5200-6,5400 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори БМТ, аз 17 апрели соли равон фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ (хусусӣ) дар Тоҷикистон 

боздошта шуд.

 Қурбҳои миёнаи хариду фурӯши нақди доллари ИМА дар ҷумҳурӣ 6,3300-6,3500 сомониро ташкил дода буданд.

Манъи фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори хусусиро он замон дар БМТ чунин шарҳ дода буданд, ки «ин иқдом ба хотири таъмини устувории бозори дохилии асъори кишвар ва устувории қурби арзи миллӣ роҳандозӣ мешавад».

Дар ҳамин ҳол, собиқ моликони дӯконҳои саррофии хусусӣ ба аз ҷониби БМТ устувор гардонидани қурби асъор тариқи боздошти фаъолияти онҳо

сахт шубҳа доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.