Оилаи Умаралӣ Қувватов ба Амрико паноҳ бурд

Оилаи пешвои пешини кушташудаи ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» қаламрави Туркияро тарк намуда, ба Ғарб кӯч баст. Бино ба  васоити ахбори умуми Туркия, ҳамсари ӯ Қумринисо Ҳафизова бо 5 нафар фарзандонаш нимаи дуюми моҳи апрел қаламрави Туркияро тарк гуфта, айни замон дар қитъаи Амрико қарор доранд, вале аз макони мушаххаси буддбоши онҳо маълумот дода намешавад. Гуфта […]

ASIA-Plus



Оилаи пешвои пешини кушташудаи ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» қаламрави Туркияро тарк намуда, ба Ғарб кӯч баст.

Бино ба  васоити ахбори умуми Туркия, ҳамсари ӯ Қумринисо Ҳафизова бо 5 нафар фарзандонаш нимаи дуюми моҳи апрел қаламрави Туркияро тарк гуфта, айни замон дар қитъаи Амрико қарор доранд, вале аз макони мушаххаси буддбоши онҳо маълумот дода намешавад.

Гуфта мешавад, айни замон ба ҳамаи масъалаҳои марбут ба куштори Умаралӣ Қувватов дар ин кишвар адвокати онҳо машғул аст.

Ёдрас мекунем, ки пешвои созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов рӯзи 5 март дар Туркия кушта шуда, ҷасади ӯ рӯзи 9 март дар ин кишвар

 ба хок супурда шуд.

 

Қобили зикр аст, ки ду нашрияи Туркия рӯзи 25 марти соли равон аксҳои афроди гумонбар аз ҷониби мақомоти пулиси Истамбул 

ба қатли пешвои созмони «Гурӯҳи 24»

 Умаралӣ Қувватовро ба нашр расониданд.

Ҳафтаи гузашта нашрияи туркии Albawaba бо истинод ба маълумоти ташхисгарони судиву тиббӣ

иттилоъ дода буд

, ки пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов то парронида шуданаш бо маводи психотропии клозапин заҳролуд шуда будааст.

Рӯзи 12 март Шӯрои сиёсии «Гурӯҳи 24» расман номи пешвои нави худро эълон кард. Шарофиддин Гадоев раис ва Собир Валиеви 27-сола муовини раиси созмони «Гурӯҳи 24» интихоб шуданд.

Қобили зикр аст, ки 9-уми октябри соли 2014 Суди олии Тоҷикистон 

аризаи Прокуратураи генералии ҷумҳуриро

 қонеъ намуда, ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро

ифротгаро эълон карда,  

фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.