Бар асари садамаи нақлиёт, ки шоми 10 май дар километри 17-уми роҳи мошингарди ҳалқавии Маскав рух дод, ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин садама автомашинаи тамғаи «Рено», ки дар дохилаш 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳзур доштанд, ба автомашинаи «БМВ» таҳти идораи шаҳрванди Русия бархӯрда, Абдуҷаббор Олимов (соли таваллудаш 1986) ва Бахтиёр Гулов (с/т 1994) аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Зимнан зикр гардид, ки осебдидагони дигар аз ин садама – Азимҷон Олимов (с/т 1988), Баҳодур Олимов ва Шаҳром Олимовро кормандони сафорати ҶТ дар Русия ва намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар бемористон аёдат карда, вазъи солимиашон қаноатбахш аст.
Қобили зикр аст, ки фавтидагон ва ҷароҳатбардоштагон зодагони ноҳияи Вахш буда, Олимовҳо бародарон мебошанд.
Кормандони сафорат ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия ҷиҳати ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани ҷасадҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба хешону наздикони фавтидагон ҳамаҷониба мусоидат намуда, аз рӯи ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ ҷараён доранд.



