Ҳукуматдорон: Хатсайри ҳавоии Душанбе – Тошканд барқарор мешавад

Маълумоти чанде аз ВАО дар бораи ба бунбаст гирифтор шудан ва ба таъхир андохтани гуфтушунидҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба дубора барқарор намудани хатсайри ҳавоии мустақим миёни кишварҳо асоси воқеъӣ надорад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ, яке аз масъалаҳои калидие, ки ахири моҳи июн дар ҷараёни […]

Аваз Юлдошев



Маълумоти чанде аз ВАО дар бораи ба бунбаст гирифтор шудан ва ба таъхир андохтани гуфтушунидҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба дубора барқарор намудани хатсайри ҳавоии мустақим миёни кишварҳо асоси воқеъӣ надорад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, яке аз масъалаҳои калидие, ки ахири моҳи июн дар ҷараёни ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар Тошканд мавриди баррасӣ қарор мегирад, ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Тошканду Душанбе аст. «Имрӯз миёни ҷонибҳо бобати ин масъала ҳеҷ ихтилофи назаре ҷой надорад», – таъкид намуд манбаъ.

Зикр гардид, ки аллакай дақиқан маълум аст, ки ҳайати Ӯзбекистонро дар ҷаласаи байниҳукуматӣ дар Тошканд муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов роҳбарӣ мекунад, роҳбари ҳайати Тоҷикистон бошад, алҳол муайян нест.

Ёдрас мекунем, ки дар доираи тавофуқоти ҳосилшуда зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе, аввали моҳи январи соли 2015 Тоҷикистон баҳри баланд бардоштан ва беҳбуди муносибатҳои дуҷониба ба Ӯзбекистон як қатор пешниҳодҳо кард.

Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя барқарор кардани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбеву Тошканд, ки ҳанӯз соли 1992 қатъ гардида буд ва ҳамчунин равуои автобусҳои мусофиркаш байни як қатор шаҳру навоҳии ҳарду кишварро пешниҳод намуд.

Ғайр аз ин, Тоҷикистон ба ҳамтоёни ӯзбеки худ ҳамчунин баррасии масъалаи соддакунии дастрасии раводид барои шаҳрвандони ҳарду кишвар, яъне гирифтани раводид бевосита дар сарҳади давлатҳо ё ба шаҳрвандони ҳарду кишвар иҷозат додани будубош дар қаламрави кишварҳои ҳамдигар бидуни дастрасии раводид ба муддати як моҳро низ ироа дошт.

Дар ҳамин ҳол, маълумоти интишоршудаи чанде аз васоити ахбори умуми Ӯзбекистон оид ба аз ҷониби ҳарду тараф мавриди баррасӣ қарор гирифтани комилан бекор кардани реҷаи раводид миёни кишварҳо тасдиқ нагардид.

Пас аз сафари моҳи сентябри соли гузаштаи президенти Ӯзбекистон Ислом Карммов ба Тоҷикистон, дар муносибатҳои Тошканду Душанбе возеҳан гармӣ эҳсос мешавад. Корхонаҳои Ӯзбекистон ба ҷустуҷӯи шарикон дар Тоҷикистон оғоз намуда, чанд рӯз қабл дар Хуҷанд бори нахуст вохӯрии сардорони сарситодҳои нерӯҳои марзбонии кишварҳо баргузор шуд ва ҳамчунин ҳаҷми муомилиоти мол миёни давлатҳо тадриҷан рӯ ба афзоиш мениҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.