Фармондеҳи нав дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон



Фармондеҳи қушӯнҳои Ҳавзаи низомии Марказӣ генерал-полковник Владимир Заруднитский рӯзи 14-уми май ба ҳайати шахсии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон фармондеҳи нави пойгоҳ полковник Денис Ляминро муаррифӣ кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти Ҳавзаи низомии Марказии Вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад.

«Полконик Лямин аз таҷрибаи бойи фармондеҳӣ дар ҷузъу томҳои гуногуни низомӣ бархӯрдор буда, сар аз фармондеҳи взвод то ба сардори ситоди дивизия расидааст ва қаблан дар Тоҷикистон низ хизмат кардааст», – гуфтааст фармондеҳи ҳавза.

Денис Лямин соли 1979 дар Слутск (Беларус) дар оилаи хизматчии ҳарбӣ ба дунё омадааст. Омӯзишгоҳи олии фармондеҳии танкии Челбинскро бо медали тилло хатм намуда, соли 2007 ба дипломи аълои Академияи қушунҳои умумии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия соҳиб шудааст. Оиладор буда, ду фарзандро тарбия мекунад.

Собиқ фармондеҳи пойгоҳ генерал-майор Евгений Тубол муовини фармондеҳи артиши қушӯнҳои умумии Самара таъин шудааст.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон соли 20004 дар заминаи дивизияи тирандози ҳанӯз аз замони шӯравӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қарордошта таъсис дода шуд. Айни замон бузургтарин зербинои низомии Русия дар хориҷи кишвар маҳсуб меёбад.

Пойгоҳи низмоии 201-уми Русия дар се шаҳри Тоҷикистон – Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб мустақар буда, дар воҳидҳои он дар маҷмӯъ 7,5 ҳазор сарбозону афсарони русиягӣ ва хизматчиёни низомӣ тибқи қарордод хизмат мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное