Коршинос: Пешниҳодҳои GIZ оид ба бозбинии нишондиҳандаҳои буҷет мантиқиву асосноканд

Date:



– Пешниҳодҳои Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) дар «Гузориши иқтисоди Тоҷикистон» дар моҳи апрел дар бораи бозбинии нишондиҳандаҳои буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015 комилан мантиқиву асосноканд, – изҳор дошт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» олими бахши иқтисод, собиқ узви ҳукумат ва собиқ вакили парлумони ҷумҳурӣ Холмаҳмад Азимов.

Коршинос ба далелҳои ҷониби Олмон оид ба зарурати бозбинии нишондиҳандаҳои буҷети давлатии Тоҷикистон дар робита ба поинравии рушди иқтисодли кишвар, ки ба ҷуз мақомоти давлатии ҷумҳурӣ, бисёре аз созмонҳои байнулмилалӣ ва минтақавӣ онро эътироф намуданд, розӣ шуд.

«Тибқи ҳисобу китоби ман, қурби харидории арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ дар муқоиса бо моҳи декбари соли гузашта ба андозаи 45-5- фоиз коҳиш ёфт, қурби сомонӣ нисбати бисёре аз асъор босуръат поин рафт, ташкилоту корхонаҳои давлатӣ бо қурби 1 доллар – 5 сомонӣ маблағгузорӣ мешаванд, ки ба ин миқдор дар буҷет пешбинӣ шудааст», – қайд кард коршинос.

Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки буҷети давлатӣ низ ба мисли дигар санадҳои меъёрӣ чизи шахшуда (догма) набуда, дар ҳама гуна ҳолат ворид намудани тағйироту илова ба он имконпазир аст.

«Танҳо ба Вазорати молия ва ҳукумати Тоҷикистон барои қабули чунин қарор ирода зарур аст, ки дар ниҳояти кор ба устувор шудани иқтисод, молия ва аксари соҳаҳои иқтисод ва бахши иҷтимоии кишвар мусоидат мекунад», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки дар

гузориши

дар боло зикргардида қайд мешавад, ки семоҳаи аввали соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои буҷети давлатии Тоҷикистон ба миқдори 95,6% иҷро шуда, ҳаҷми маблағи пардохтҳои гумрукӣ дар ин давра ба андозаи 24,1% коҳиш ёфтаанд.

«Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015 бо эҳтимоли рушди назарраси иқтисод ва афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ҳаҷми 7,2% таҳия гардида, қурби мубодилаи сомонӣ бо доллари ИМА 5 сомонӣ барои 1 доллар пешбинӣ шуда буд. Имрӯз аён аст, ки ин нишондиҳандаҳои пешбинишуда ғайривоқеъӣ мебошанд: рушди иқтисод суст шуда, ахири моҳи апрел қурби мубодилаи сомонӣ/доллар аллакай ба 6,25 сомонӣ/1 доллар расид», – таъкид месозанд муаллифони гузориш.

Таҳлилгарони олмонӣ бар ин назаранд, ки дар чунин ҳолат иҷрои буҷет дар сатҳи қаблан пешбинишуда мушкилу душвор аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...