Тақдими роҳхатҳо ба осоишгоҳи «Баҳористон» ба оилаҳои намунавии Хуҷанд

Ба муносибати Рӯзи оила раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдату табрикоти се нафар оилаҳои намунавии маркази вилоят рафт, ки зиёда аз 50 сол бо ҳам зиндагӣ доранд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, сараввал раиси шаҳр ба табрики оилаи Бобоҷоновҳо омад. Омӯзгори собиқадор Насим Бобоҷонов ва собиқадори меҳнат Саидниссо Бобоҷонова баъди фаъолияти […]

ASIA-Plus



Ба муносибати Рӯзи оила раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдату табрикоти се нафар оилаҳои намунавии маркази вилоят рафт, ки зиёда аз 50 сол бо ҳам зиндагӣ доранд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, сараввал раиси шаҳр ба табрики оилаи Бобоҷоновҳо омад. Омӯзгори собиқадор Насим Бобоҷонов ва собиқадори меҳнат Саидниссо Бобоҷонова баъди фаъолияти пурмаҳсул дар соҳаи маориф ва коргоҳи бофандагӣ 4 нафар фарзандро ба воя расонда имрӯз даврони пирӣ меронанд. Раҷаббой Аҳмадзода оилаи номбурдаро бо Рӯзи оила ва 50 соли зиндагии якҷояи мустаҳками намунавӣ муборакбод намуд.

Оилаи дигаре, ки Раиси шаҳр ба хотири  муборакбодии онҳо меҳмони манзилашон гашт, оилаи Юсуповҳо буд. Баротбой –амаки 75 сола ва холаи Хайриниссои 82 сола аз соли 1957 зиндагии якҷоя намуда, 7 нафар фарзандро соҳиби маълумот ва оила намуданд. Имрӯз ба ғамхорию эҳтироми пайвандони фаро гирифта шуда, шукронаи ғахории ҳукумату давлат мекунанд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои тарбияи фарзандони нек, хизмати софдилона дар рушди кишвар ба оилаи Юсуповҳо изҳори сипосмандӣ намуд.

Ҳамчунин бахшида ба Рӯзи олила Раиси шаҳр Юсуф ва Сабоҳат Қурбоновҳоро табрик намуд. Давоми ҳаёту фаъолияти беш аз 50 солаи худ Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Юсуф Қурбонов аз роҳбари идораи сохтмонӣ то ба вазифаи раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Хуҷанд расида Сабоҳат Қурбонова бошад чун мутахассиси варзида соҳиби унвони Корманди хизматнишондодаи иттифоқи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гаштааст.Ҳоло 4 нафар фарзандони ин оила дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар дар хизмати мардум хастанд.

Ба ҳамаи оилаҳои аёдатшуда дар баробари супоридани тӯҳфаҳои хотиравӣ, номаи табрикотӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳхат ба истироҳатгоҳи «Баҳористон» тақдим карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.