Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон 15% афзуд

Давоми моҳҳои январ-апрели соли равон дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 3,6 млрд. сомонӣ (тақрибан 570 млн. доллари ИМА) маҳсулот истеҳсол карда шуд. Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи таносуби нарх ба андозаи 15,2% зиёдтар аст. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти […]

Пайрав Чоршанбиев



Давоми моҳҳои январ-апрели соли равон дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 3,6 млрд. сомонӣ (тақрибан 570 млн. доллари ИМА) маҳсулот истеҳсол карда шуд.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи таносуби нарх ба андозаи 15,2% зиёдтар аст.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар Агентии омор ба зиёдшавии назарраси истеҳсолот дар бахшҳои коркарди чӯб ва истеҳсоли маснӯот аз чӯб, истеҳсоли коғаз, фаъолияти ноширӣ, саноати кимиё, истеҳсоли дигар маҳсулоти ғайриметаллии минералӣ, тавлиди нерӯи барқ ва ғайра нисбат медиҳанд.

Гуфта мешавад, аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим 4 моҳи соли 2015 дар 49 номгӯи он (54,4%) истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 25 номгӯй (27,8%)  истеҳсоли он коҳиш ёфта, 16 номгӯи (17,8%) маҳсулот истеҳсол нашудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки аз 1 ҳазору 812 корхонаи саноатии назди Агентии омор ҳисоботдиҳанда, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ 408 корхона фаъолият надоштаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.