Кумаки сафорати Ҷопон ба муассисаҳои таълимии Исфара

Дар ҳошияи сафари корӣ ба вилояти Суғд сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада аз шаҳри Исфара боздид кард. Сухангӯи раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳадаф аз сафари мазкур тақдими таҷҳизот ба муассисаҳои бахши маорифи шаҳр буда, бо ин мақсад сафир ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5 ташриф […]

Баҳром Файзуллоев



Дар ҳошияи сафари корӣ ба вилояти Суғд сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада аз шаҳри Исфара боздид кард.

Сухангӯи раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳадаф аз сафари мазкур тақдими таҷҳизот ба муассисаҳои бахши маорифи шаҳр буда, бо ин мақсад сафир ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5 ташриф овард.

Дар вохӯрӣ бо ҳайати омӯзгорони мактаб раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидзода қайд кард, ки тайи 14 соли ахир бо мусоидати сафорати Ҷопон заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимии шаҳр, аз ҷумла мактабҳои №№7, 16, 49 ва 65 хеле беҳтар шуданд.

Сафири Ҷопон дар ин робита изҳор намуд, ки дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳаи навбатӣ 7 мактаби шаҳри Исфара ба маблағи умумии 88 ҳазор доллари ИМа бо мебел ва тахтаҳои синфӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд.

Ба мактабҳои №№5 ва 69-и шаҳр, №38-и ҷамоати Чилгазӣ, №№ 44 ва 46-и ҷамоати Хонобод, №49-и ҷамоати Чоркӯҳ ва №54-и ҷамоати Лаккон дар маҷмӯъ 1001 ҷуфт мизу курсӣ ва ҳамчунин 57 адад тахтаҳои синфӣ тақдим карда шуданд.

Зимни мулоқот бо раиси шаҳри Исфара дипломат зикр кард, ки сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон минбаъд низ ба таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои бахшҳои маориф ва тандурустии Тоҷикистон кумаку мусоидат хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.