Миср: Мурсӣ ва даҳҳо пешвоёни «Ихвон-ул-муслимин» ба қатл маҳкум шуданд

Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта додгоҳи ҷиноии Қоҳира собиқ президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ ва даҳҳо тан аз пешвоёни гурӯҳи «Ихвон-ул-муслимин»-ро ба қатл маҳкум кард. Ба навиштаи EuroNews , мурофиа оид ба ду парванда – хиёнат ба давлат ва ҷосусӣ ба манфиати кишвари хориҷӣ ва ҳамчунин фирори оммавӣ аз зиндон замони инқилоби январи соли 2011 муддати 16 […]

ASIA-Plus



Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта додгоҳи ҷиноии Қоҳира собиқ президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ ва даҳҳо тан аз пешвоёни гурӯҳи «Ихвон-ул-муслимин»-ро ба қатл маҳкум кард.

Ба навиштаи

EuroNews

, мурофиа оид ба ду парванда – хиёнат ба давлат ва ҷосусӣ ба манфиати кишвари хориҷӣ ва ҳамчунин фирори оммавӣ аз зиндон замони инқилоби январи соли 2011 муддати 16 моҳ идома ёфта, дар маҷмӯъ парвандаҳо нисбати 163 нафар гумонбаршудагон баррасӣ шуданд, ки 50 тан аз онҳо дар курсии ҷавобгарӣ нишаста, боқимонда дар фирор қарор доранд.

Гуфта мешавад, ҳукми аз ҷониби Суди олии Миср содиршуда пешакӣ буда, акнун муфтии олии кишвар онро тасдиқ ё инкор мекунад. Содир шудани ҳукми ниҳоӣ рӯзи 2 иююн дар назар аст.

Зикр мегардад, ки пас аз чанд соати эълони ҳукм дар минтақаи шимоли нимаҷазираи Синай ду тан аз судяҳо ва прокурор парронида шуда, алҳол масъулияти ин ҳамларо касе ба дӯш нагирифтааст, вале коршиносон дар ин робита қайд мекунанд, ки аксаран пушти ин ҳамлаҳо исломгароён – ҷонибдорони «Ихвон-ул-муслимин» меистанд.

Ба иттилои

Интерфакс

, Иттиҳоди Аврупо қарори суди Миср дар бораи қатли собиқ президент Мурсиро маҳкум кардааст. «Ҳукми қатли Мурсӣ ва чанде аз пешвоёни гурӯҳи «Ихвон-ул-муслимин» ба уҳдадориҳои Миср оид ба ҳуқуқи байнулмилалӣ созгор нест», – изҳор доштааст роҳбари дипломатияи Иттиҳоди Аврупо Федерика Могерини.


Радиои «Озодӣ»

менависад, ҳамчунин Вазорати умури хориҷии ИМА аз ҳукми додгоҳи ҷурму ҷиноёти Қоҳира, ки раисиҷумҳури пешин Муҳаммад Мурсиро ба эъдом маҳкум кардааст, низ изҳори нигаронӣ кардааст.

https://www.youtube.com/watch?v=tXGBUJqrvLI

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.