Боздиди сафирони Фаластин, Туркия ва Эрон аз ВКХ Тоҷикистон



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 20 майи соли равон сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Таршаҳониро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои робитаҳои дуҷониба, масъалаҳои тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо ва ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, ба хусус СММ ва СҲИ баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин дар атрофи рушди вазъият дар Ховари Наздик ва зарурати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм ва дигар чолишҳои амнияти минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар сурат гирифт.

Ҳамчунин рӯзи 20 май муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон Кевин Алленро ба ҳузур пазируфта, дар рафти мулоқот ҷонибҳо атрофи фаъолияти UNHCR дар Тоҷикистон дар самти таъмини ҳимоя ва расонидани кӯмак ба паноҳандагон ва паноҳҷӯён дар кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар карданд.

Гуфта мешавад, ҳамин рӯз Низомиддин Зоҳидӣ ҳамчунин бо сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуло Фағонӣ низ дидору гуфтушунид карда, дар рафти суҳбат масоили марбут ба раванди ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии байни ду кишвар, ҳамчунин масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо сафири Туркия дар Тоҷикистон Меҳмет Мунис Дирик дар ҳамин рӯз масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳо бо иштироки Дафтари ҳамоҳангсози Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Туркия (ТIКА) дар Душанбе ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное