Шоҳзода Оғо Хони IV ба наздикӣ ба Тоҷикистон меояд



Пешвои маънавии исмоилиёни ҷаҳон волоҳазрат шоҳзода Оғо Хони IV моҳҳои наздик аз минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон низ боздид мекунад.

Дар ин бора шоҳзода Оғо Хони IV дар

мактуби табрикиаш

ба нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев ба муносибати ба ин мансаб таъин шуданаш хабар дода, зикр намудааст, ки моҳҳои наздик ӯ ба Осиёи Марказӣ омада, бо ҷараёни корҳои сохтмони маҷмааҳои зисти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин (Қирғизистон), Хоруғ (Тоҷикистон) ва Текели (Қазоқистон) шинос мешавад.

Ёдрас мекунем,ки бори охир шоҳзода Оғо Хони  IV аввали моҳи апрели соли 2012 бо сафари якрӯза ба Тоҷикистон ташриф оварда буд. Моҳи ноябри соли гузашта сафари ӯ ба Тоҷикистон дар нақша буд, вале он сурат нагирифт.

Шоҳзода Оғо Хони IV муассис ва сарпарасти лоиҳаҳои сершумори хайрия аст, ки дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои пасошӯравии минтақаи Осиёи Марказӣ амалӣ мешаванд. Таҳти раҳбарии ӯ созмони Aga Khan Development Network  амал мекунад, ки дар доираи он як қатор муассисаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва маърифативу фарҳангӣ фаъолият доранд.

spot_imgspot_img

Популярное