Вазири захирахои оби Миср иштирокаш дар Конфронси оби Душанберо тасдиқ кард

Расонаҳои мисрӣ хабареро мунташир намуданд, ки бино бар он, Миср таъйид кардааст, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ки онро Тоҷикистон 9-11 июни соли ҷорӣ мизбонӣ ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли СММ Пан Ги Мун расман мекушоянд, ширкат хоҳад намуд. Тавре аз […]

ASIA-Plus



Расонаҳои мисрӣ хабареро мунташир намуданд, ки бино бар он, Миср таъйид кардааст, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ки онро Тоҷикистон 9-11 июни соли ҷорӣ мизбонӣ ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли СММ Пан Ги Мун расман мекушоянд, ширкат хоҳад намуд.

Тавре аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Миср хабар доданд, қарор аст, ки ҳайати мисриро дар ин Конфронс д-р Ҳусом Муғозӣ, вазири захираҳои об ва обёрӣ намояндагӣ кунад. Аз сӯи дигар, Дабирхонаи Ҷомеаи давлатҳои арабӣ эълом намудааст, ки хонум Шуҳра Қасиа, Мудири Маркази пажӯҳиши об ва амнияти оби арабӣ ба намояндагӣ аз Дабирхонаи Ҷомеаи давлатҳои арабӣ дар он Конфронс ширкат хоҳад кард.

Дар баёнияе, ки онро сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира паҳн намудааст, омадааст, ки иштироки Пан Ги Мун аҳаммияти ҳамоиши байналмилалии мазкурро барои Созмони Милали Муттаҳид ва тамоми ҷомеаи байналмилалӣ, ба вежа дар партави қабул гардидани Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла тазмини дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ ва беҳдошт барои ҳама ва таҳкими идораи устувори захираҳои обӣ, ба таври возеҳ таъкид мекунад.

То ба имрӯз беш аз 70 кишвар дар сатҳи нахуствазирон, вазирони корҳои хориҷӣ, вазирони захираҳои об ва ғайра, инчунин 50 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ иштироки худро дар Конфронси Душанбе таъйид намудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио